Зарбулмасалу мақолҳо ибораҳои кўтоҳу пурмазмуни бадеист, ки тачриба ва хулосаҳои муҳими зиндагиро ифода мекунанд. Суханони пурмағзу суфтаю рехтаи аҳли донишу адаб низ ба гуфтугўи халқ дохил шуда, ба зарбулмасал тадбил ёфтаанд. Онҳо дар натичаи давраҳои гуногуни зиндагй, дар муҳити муайяни ичтимой, дар шароити сиёсй бо мазмунҳои гуногун ба вучуд омадаанд. Мақолу зарбулмасалҳо ҳам монанди дигар воҳидҳои забон вазифаи муайяни услубиро дар нутқ адо мекунанд . Чунончи, ҳамчун аслиҳаи мубориза дар чамъият мавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан, бар зидди истилогарони араб, ки дар асри XIII ба Осиёи Миёна зада даромадаанд, чунин мақол истифода шудааст: «На тири шутур хоҳем, на дидори араб», ё ки барои танқиди амалдорону бойҳо: «Киҳо кашанд чабру чафо, киҳо кунанд кайфу сафо», «Шиками бой нақораи худост» ва ғайра.
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲО ВА ВАЗИФАИ УСЛУБИИ ОНҲО ДАР АСАРҲОИ УСТОД САДРИДДИН АЙНЙ
Мавлуда Давронова (Самарқанд, Ўзбекистон) | Download article