Чунончи профессор А.К.Писарчик бевосита ба хусусиятҳои этникй дар бораи истилоҳи хешутабории точикзабонони Помир ва баъзе ноҳияҳои чанубии Точикистон маълумоти мухтасар дода, қайд мекунад, ки истилоҳи ота, оча ўзбекй буда қариб дар ҳамаи шеваҳои забони точикй, ба чои падару модар истифода мешаванд. Шевашинос Ҳ.Ҳамроқулов дар монографияи худ намудҳои шевагии як қатор истилоҳҳои хешутабориро қайд карда, аз чумла таъкид мекунад, ки дар Бойсун падарро доде, дода мегўянд. Ба чои истилоҳи модар бошад, очо, она ва мамак барин калимаҳоро аз рўи синну солашон истифода мекунанд. Баъзе истилоҳҳои хешутабории шеваҳои гурўҳи шимолй ва Варзобро дар чилди 5-уми очеркҳои В.С. Росторгуева дучор кардан мумкин аст. Аз чумла, ў истеъмоли терминҳои падар ва модарро ҳам эзоҳ дода, қайд менамояд, ки ба чои калимаи модар дар Исфара бивй, дар Варзоб оча, дар Исфара бувй дар Косонсой бивй мегўянд. Падарро бошад, дар Ўротеппа додо, дар Кони Бодом дадо, дада дар Риштон, дадо, бово ва дар Сўхи Шаҳристон дадо мегўянд. Дар чилди 3-юми очеркҳо дар Хўчанд истифода шудани истилоҳи бувиро нишон додааст. Дар манбаҳои илмй низ корбасти ин истилоҳ дар шеваҳои Исфараю Кони Бодом таъкид ёфтааст. Буватин дина омаданд-ми? (Кони Бодом), Бувамоя дилашон ганда шуда монд. (Исфара).
ИСТИЛОҲИ ПАДАР ВА МОДАР ДАР ШЕВАҲОИ ТОЧИКЙ
Ҳамроқул Бердиқулов (Самарқанд, Ўзбекистон) | Download article