ТАРЧУМАИ ДОСТОНИ «ЛАЙЛЙ ВА МАЧНУН»-И АЛИШЕР НАВОЙ БА ТОЧИКЙ

  Абдусалом Самадов (Самарқанд, Ўзбекистон) |    Download article

Шоири халқии Точикистон Лоиқ Шералй дар сарсухани худ ба мачмўаи шеърҳои «Саховат»-и Чонибек Қувноқ доир ба шахсияту эчоди ў чунин гуфта буд: «Чонибек ба қавли худаш «пайвандгари ду соҳил» - шаҳпуле буд миёни Точикистону Ўзбекистон, шаҳпуле буд миёни точикону ўзбекон, миёни точикону ўзбекон ҳамеша тор метанид, ба хотири дўстй, бародарй, ҳамдиливу ҳамзабонй, ваҳдати маънавй ва рўҳонй, ҳақиқат, адолат, садоқат, самимият, ғуруру ифтихор, нангу номус ва якпорчагии миллати точик чон меканд, мекоҳид, месўхт»1. Дар ҳақиқат, ин гуфтаҳо асоси ҳаётй доранд: Чонибек Қувноқ дар кори мустаҳкаму пойдор намудани равобити фарҳангии ин ду халқи аз қадим дўсту бародар хизматҳои шоистае намудааст.Ў баробари дар ду забон–точикию ўзбекй ашъори дилнишин офаридану анъанаи зуллисонайниро дар адабиётҳоямон идома додан боз тарчумони соҳибистеъдод ҳам буд.