Вақте ашъори адибонро варақ мезанем, ба маҳорати шоирии онҳо асосан аз ғояҳои баланд, мазмуни барчаставу дилнишин, латифу нозук ва шакли зебо, ки бо воситаи тасвирҳои бадей ва санъатҳои адабй ороиш дода шудааст, баҳогузорй мекунем. Зеро воситаи тасвир асоси бадеияти қалами шоирро муайян намуда, барои фораму дилнишин ва таъсирбахш баён намудани мақсад ва ғояи асар омили асосй мебошад. Аз чумла, дар ашъори устоди шоирони асри ХV Абдураҳмони Чомй истифодаи сухани фасеҳ ва биниши нозук хуб ба назар мерасад, ки ин нуктаро худи шоир низ тасдиқ намудааст: Рамузи ишқ шавад фош агарна килки ту Чомй, Сухан ба сурати ташбеҳу истиора нависад.(7) “Дил” аз чумлаи сермаҳсултарин калимаҳои ашъори адибони форсу точик буда, дар каломи бадеъ бо тобишҳои гуногуни маъной чилвагар мегардад. Аз чумла дар “Девони Фонй”-и Алишер Навой 726 маротиба, дар девони Хофиз 594 маротиба(3) ва дар девони Абдураҳмон Жомий 1380 маротиба ба калимаи “дил” дучор меоем.
МАЪНИОФАРИИ ЧОМЙ БО САНЪАТИ ТАШБЕҲ (дар асоси тимсоли “дил”)
Сабоҳат Мажидова (Самарқанд, Ўзбекистон) | Скачать статью