ДОИР БА ВАРИАНТНОКИИ СУРУДИ «БАҲОР ОМАД»-И МАРОСИМИ ГУЛГАРДОНЙ

  Акмал Шерназаров, Чонмирзо Мирзоев (Самарканд, Ўзбекистан)  |    Скачать статью

Баҳор фасли таровату тозагй, ишқу ошиқй, фасли гулу булбул аст. Наврўз фарорасии ин фасл ва паёмовари ҳамаи орзуву омоли инсон мебошад. Ҳамчунон ки шеърро аз шуур наметавон чудо кард Наврўз низ аз баҳору табиат чудонопазир аст. Таваччўҳи халқ ба Наврўз бесобиқа аст ва баҳору Наврўзро бидуни шеъру суруд наметавонд тасаввур кард. Шояд дар тўли таърих дар васфи ҳеч чашне мисли баҳору Наврўз шеъру тарона ва ҳикмат насуруда бошанд. Дар фолклоршиносии точик доир ба масоили гуногуни маросимҳои мавсимии точикони Осиёи Марказй тадқиқотҳое ба сомон расидаанд. Аз чумла мо тадқиқотҳои Р.Амонов, Б.Шермуҳаммедов, Р.Аҳмадов ва Д.Обидовро дар пажуҳиши маросими мавсимии точикони Осиёи Марказй алоҳида бояд таъкид намоем.