ЧАЛОЛУДДИНИ РУМЙ ВА ЧАНБАҲОИ ХАЛҚИЯТ ДАР ОСОРИ У

  Фозилжон Шукуров, Абдуваҳоб Воҳидов (Самарканд, Узбекистан) |    Скачать статью

Чалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин, ки бо унвони Мавлавй ё Мавлонои Балхй шуҳрат ёфтааст, аз бузургтарин чеҳраҳои машҳуру писандида ва дустдоштаи инсоният, инчунин, устоду муршиди ирфону маърифати чаҳон ба шумор меравад. Хонаводаи у аз сулолаи боэътибори Балхи Хуросон буда, тибқи баъзе сарчашмаҳои таърихиву адабй насабаш ба Халифа Абубакр (р) рафта мерасад ва падараш аз суйи модар духтарзодаи Султон Алоуддин Муҳаммади Хоразмшоҳ буд ва минбаъд бо номи Баҳоуддин Валад маъруф гардид.