МАВҚЕИ АЛОМАТИ ҲАМЗА ВА ҲАРФИ АЙН ДАР ИМЛО

  Фозилчон Шукуров, Абдувахоб Вахидов Самарқанд, Ўзбекистон. |    Завантажити статтю

Ҳар як забон хусусиятҳои гуногуни худро дорад ва барои хидмат ба мардуми вобастаи он муқаррар гардидааст. Дуруст муайян намудани алифбо ва имлои он бошад, соҳибони забонро аз роҳ додан ба иштибоҳу нофаҳмиҳо нигоҳ медорад. Маълум ки асоси алифбои форси ин алифбои арабй буда, дар муддати беш аз ҳазор сол дар Осиёи Миёна низ чорй буд. Инак, қариб сад сол мешавад, ки ба чои он алифбои кириллиасоси точикй амал мекунад. Аммо то ҳол дар ин алифбо печидагиҳо ва қазияҳое чой доранд, ки дар ҳар маврид соҳибзабононро ба иштибоҳ меандозанд. Яке аз инҳо масъалаи имлои аломати ҳамзаи арабй мебошад. Алифбои арабй 28 ҳарф дошта, бо вучуди ҳамчун овоз вучуд доштани ҳамза он ҳамчун ҳарфи 29-ум қабул нагардид. Аммо дар савтиёт он чун ҳамсадои алоҳида таълим дода мешавад. Ҳанўз дар асрҳои 7-8 ҳангоми қабули алифбои арабй аз чониби форсҳо мушкилиҳо пеши рў омаданд. Зеро як овози форсй дар забони арабй то чор ҳаммонанди худро дошт. Аз чумла, ҳамсадои Т бо ду ҳарф – Те ва То (итқй); С бо се ҳарф – Се (мусаллас – сенуқта), Син, Сод; З бо чор ҳарф – Зе (зайн), Зол, Зо (изғӣ) ва Зод, Ҳ бо ду ҳарф – Ҳе (ҳуттӣ) ва Ҳе (ҳавваз) навишта мешаванд. Бо вучуди ин алибои мазкур пурра ба забони форсй қабул гардид ва чор ҳарфи дигар – Пе, Же, Чим, Гоф дар асоси шаклҳои арабй ва ҳамроҳ кардани нуқтаҳо ё хатча илова шуд. Дар садсолаи гузашта бошад, табдили ин алифбо ба лотинй ва сипас кириллй гўё мушкилаи ҳарфҳои ҳаммонандро барҳам дод. Аммо дар баргардониш ва азхудкунии осори илмиву фаннии ҳазорсолаи ниёгонамон ин номутаносибиҳо ҳанўз таъсири худро мегузоранд. Аз чумла, дар соҳаи матншиносй.