ГУФТОРЕ ЧАНД ДАР БОБАТИ ИҚТИБОСИ ВОЖАҲО

  Фозилжон Шукуров (Самарканд, Узбекистон) |    Скачать статью

Дар навиштаҳои имрўза гоҳо бо ҳолатҳое метавон дучор шуд, ки аз сабаби надонистани қоидаҳои имло ба баъзе хатоиҳо роҳ дода шудааст. Албатта, аз худ намудани қоидаҳои навишти ҳар забон ногузир аст. Лекин масъалаи тарзи дурусти навиштори калимаҳое, ки аз дигар забонҳо ба забони мо дохил шудаанд, барои хонандаи имрўз метавонад душвориҳо ба миён орад. Ва гурўҳи калимаҳое, ки аз забони арабū ба точикū гузаштаанд, низ аз ин мустасно нест. Маълум ки дар тўли таърих калимаҳои бисёре аз забони арабū ба забони мо дохил шуда, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо то дарачае ҳазм шудаанд, ки бегона будани онҳоро ҳис кардан мушкил аст. Чунин калимаҳои иқтибосū бояд пурра тобеи грамматикаи забони мо гардида, тарзи дурусти навишти онҳо риоя шаванд. Дар чунин ҳолат забони мо метавонад салосат ва равонии худро нигоҳ дорад. Чунончи, дар замони ҳукмронии шўроҳо танҳо барои навиштани номи яке аз роҳбарони он ба алифбои точикū махсус ҳарфи щ, ки хоси забони мо нест, дохил карда шуд. Ҳамин тавр, пайиҳам ҳарфҳои ц,ы,ь дохил шуданд ва шумораи ҳарфҳо ба 39 адад расид, аммо грамматикаи забон хароб гардида, забони ҳазорсолаҳо ба як забони шахшудаи сунъū табдил ёфт. Дар мавриди вожаҳои иқтибосū метавон гуфт, ки ба он, аз чумла қоидаи истифодаи дурусти артикли муайянии «алифлом» низ дахл дорад. Дар забони арабū чуфти алифлом, яъне пайи ҳам омадани ҳарфҳои алиф ва лом (АЛ) нишондиҳандаи муайянū ба шумор меравад. Ин дар забоншиносū «артикли муайянū» ном дорад. Исмҳо метавонанд дар ду ҳолат ифода ёбанд: 1) муайянū. 2) номуайянū. Масалан, калимаҳои «муъаллимун», ё ки «китобун» бо аломати «танвин замма» (суффикси –ун) омадааст, ки тарчумаи он чунин аст, «муаллиме», «китобе» ва ин номуайянии исмро ифода мекунад. Яъне, аломатҳои «танвин», ки бо суффиксҳои –ун, -ин, -ан дар охири калимаҳо меоянд, хусусияти падежū доранд. Ин вазифаро дар забони точикū аломати номуайянии –е ифода мекунад. Барои ба ҳолати муайянū гардондани калима пеш аз он артикли муайянии «ал» (алифлом)-ро бояд илова намуд. Яъне, агар калима бо алифлом ояд, «ал-муаллим», ё «ал-китоб» мешавад, ки ин маънои муаллим, ё китоби муайян ва аниқро мефаҳмонад.